АНДАР БОБИ "БОСМАЧӢ"-ҲО

2 1358

Нахуст, бояд фикр кунем, ки он рӯзгор мардуми рустои худи мо дар ин ҷараён чи саҳме доштанд?

Чанд нафар аз рустоямон ба ин наҳзат шарику дар он муборизаҳо меҷангиданд?

Номҳояшонро медонем?

Сардорони ин наҳзат - сардорони аслӣ киҳо буданду аслан аз куҷо?

Оё онҳо барои Ислом, барои Сарзамин, барои бақои иморат меҷангиданд ё барои Русия подшоҳӣ?

Оё дар ҳудудҳое, ки ин ҷанг мерафт, Русияи подшоҳӣ тасаллут надошт?

То куҷо мардуми маҳаллӣ ин наҳзатро пуштибонӣ кардаанд?

Агар ба фарз на Инқилоби Бухоро мебуду на ҳуҷуми рус, то куҷо мо ҳамчун МИЛЛАТИ ТОҶИК метавонистем бошем ва оё ҳукумат аз дасти манғитиён ба дасти миллати мо мегузашт?

Ғайр аз асноди даврони Шӯравӣ, ғайр аз китобҳои муҳаққиқони хориҷӣ дар ин мавзуъ кадом асноди бетарафи бо дасти бумиҳо навиштаро дорем?

Агар "босмачӣ"-ҳо ғоратгар набуданд, агар ба воқеъ барои Ватану Миллату Дин меҷангиданд, чаро умуми мардум онҳоро дастгирӣ накард?

Ба дастаҳои ихтиёрии бумӣ, ки зидди онҳо ҷангиданд, чи ном бидиҳем?

Дар ин миён - пас аз қаҳрамони миллӣ донистани "босмачӣ"-ҳо, нисбати нухбагоне чун устод Айнӣ, Ғафуров ва дигарон, - қарор чист? Оё инҳо ба хотири пуштибонӣ аз ин сохту хидмат дар ин сохт "Хоини миллӣ" ҳисобида шаванд?

Бобои мо кӣ буд, чи қадар замин дошт, кадом мансаби он рӯзгорро дошт, вазъи зиндагияш дар кадом сатҳ будааст?

....

Ин суолҳо ба назари ман зарурӣ ҳастанд, то хулосаи худро нисбати он ҷараён ё он наҳзат барорем?

Кадом асноди қавии қаҳрамон будани онҳоро ё чун русҳо ғоратгар будани онҳоро дорем?

Дар ҳамин шабу рӯз, дар ҳоле, ки мушкилоти азими миллиро пеши рӯ дорем, мавзуъи "босмачӣ" ба мо чи медиҳад?

Ин мавзуъ то куҷо аҳаммияти миллӣ дорад?

Они ТАМ есть! Русский из Львова

Я несколько раз упоминал о том, что во Львове у нас ТОЖЕ ЕСТЬ товарищи, обычные, русские, адекватные люди. Один из них - очень понимающий ситуацию Человек. Часто с ним беседует. Говорим...

«Это будут решать уцелевшие»: о мобилизации в России

Политолог, историк и публицист Ростислав Ищенко прокомментировал читателям «Военного дела» слухи о новой волне мобилизации:сейчас сил хватает, а при ядерной войне мобилизация не нужна.—...

Война за Прибалтику. России стесняться нечего

В прибалтийских государствах всплеск русофобии. Гонения на русских по объёму постепенно приближаются к украинским и вот-вот войдут (если уже не вошли) в стадию геноцида.Особенно отличае...

Обсудить
  • И чо это было???????
  • Лучше конечно на суахили написать, на КОНТе этот язык наверное пользуется бОльшей популярностью. Автор, подсказываю (если самому затруднительно) - язык общения на этом ресурсе - русский.